


Тамос
Нашрияи расмии Анҷумани Пайванд – маҷаллаи «Пайванд» аст.
Маҷалла аз соли 1997 чоп мешавад. Дар он масъалҳои забон, адабиёт, таърих, фарҳанг, намунаҳои назму наср, расму ойин, зиндагии ҳамзабонон, гуфтугӯ бо донишмандони маъруф, ахбори фарҳангӣ ва дигар навиштаҳое, ки марбут ба ҳаёти моддӣ ва маънавии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аст, чоп мешаванд.
Сардабирони маҷалла:
Алиасғар Шеърдӯст (1997-2000), Гулназар Келдӣ (2000-2006) ва Равшан Раҳмонӣ (2006-то имрӯз).
Тел.: 224-33-40; 221-84-67.
Почта электронӣ: sbp.com jpayvand@mail.ru
Нишонӣ: Тоҷикистон, ш.Душанбе, х.Рӯдакӣ 107а.

Суруди Анҷумани Пайванд
Эй дӯст, биё, ки мо зи як анҷуманем,
Парвардаи меҳрубонии як чаманем.
Ҷони ману ту бувад Ватан, медонӣ,
Донӣ, ки ману ту низ ҷони Ватанем.
Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,
Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.
Эй дӯст, биё, ки раҳбари мо Ватан аст,
Парвози баланду шаҳпари мо Ватан аст.
Ғамхораи мо нест ба ҷуз ишқи Ватан,
Болида биё, ки модари мо Ватан аст.
Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,
Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.
Эй дӯст, биё, ки ҳамватан ҳамтани мост,
Зӯри дилу нури дидаи равшани мост.
Меҳре, ки шукуфтаст дар чеҳраи мо,
Худ шоҳиди бехазонии гулшани мост.
Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,
Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.

