


Созмони байналмилалии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд
(Мухтасар: Анҷумани Пайванд)
Раиси Созмони байналмилалии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (аз соли 1993 то ҳол).
Муовини аввал, раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани Пайванд: Насимов Нуриддин (аз 19 июни соли 2020 – то ҳол).
Дар гузашта шахсони зерин муовини аввал, яъне раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани Пайванд буданд: Муҳаммад Осимӣ (1989-1996), Камол Айнӣ (1996-2000), Абдуқодир Маниёзов (2000-2008), Исомиддин Салоҳидинов (2008 то январи 2014), Субҳон Кошонов ( аз 31 январи соли 2014 то январи 2020)
Таърихи фишурда:
Созмони байналмилалии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд дорои номҳои зерин буд: Ҷамъияти «Пайванд», Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд.
Ҷамъияти «Пайванд». Соли 1989 (28 октябр) дар пайравии созмони «Родина»-и Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) созмони байналмилалии ҷамъияти «Пайванд» ташкил ёфт. Сарварии онро шодравон академик М.Осимӣ бар ӯҳда доштанд. Ҳадафи ин созмон барқарор намудани иртибот бо ҳамватанон ва тоҷикони берун аз Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Вале ҳанӯз ин созмон ба таври бояду шояд шакл нагирифта кишвари Иттиҳоди Шӯравӣ декабри соли 1991 аз байн рафт. Ҷамъияти «Пайванд» то моҳи сентябри соли 1992, бо ҳамин ном ба фаъолияти худ идома дод.
Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ. Ҳаштуми сентябри соли 1992 форуми (ҳамоиши) аввали «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш аз кишварҳои гуногуни олам, Аврупо, Амрико, Эрон, Афғонистон, Русия ва кишварҳои дигар намояндагон ширкат варзиданд. Аъзоён пас аз баҳсҳо ва саволу ҷавобҳо ба чунин натиҷа расиданд, ки дар оянда созмоне бояд таъсис шавад, ки пайвандгари тамоми тоҷикон ва форсизабонони олам бошад. Созмони мазкур бо ин ном то сентябри соли 1993 фаъолият намуд.
Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд. Ҳаштуми 8 сентябри соли 1993 ҳамоиши дуюм баргузор шуд, ки дар он номи созмон аз Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд табдил дода шуд.
Дар ҳамин ҳамоиш Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон раиси “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд” интихоб гардиданд.

Суруди Анҷумани Пайванд
Эй дӯст, биё, ки мо зи як анҷуманем,
Парвардаи меҳрубонии як чаманем.
Ҷони ману ту бувад Ватан, медонӣ,
Донӣ, ки ману ту низ ҷони Ватанем.
Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,
Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.
Эй дӯст, биё, ки раҳбари мо Ватан аст,
Парвози баланду шаҳпари мо Ватан аст.
Ғамхораи мо нест ба ҷуз ишқи Ватан,
Болида биё, ки модари мо Ватан аст.
Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,
Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.
Эй дӯст, биё, ки ҳамватан ҳамтани мост,
Зӯри дилу нури дидаи равшани мост.
Меҳре, ки шукуфтаст дар чеҳраи мо,
Худ шоҳиди бехазонии гулшани мост.
Дар пардаи субҳ меҳри тобон яктост,
Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост.

